Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists), созмони воқеъ дар Ню-Йорк, ҳукми 10 сол зиндони Далери Имомалиро дар Тоҷикистон сангин хонд ва онро маҳкум кард.
Намояндаи созмон, Гулноза Саид, рӯзи 18-уми октябр дар изҳороте гуфт, мақомот бояд Далери Имомалӣ ва рӯзноманигорони дигарро раҳо карда, додгоҳҳоро ба саркӯби расонаҳои мустақил истифода набаранд.
“Аз аввал рӯшан буд, ки парвандаи Далери Имомалӣ аломати он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон журналистикаи интиқодии тарафдор дар ҷомеаро таҳаммул нахоҳад кард... Ҳукми сангин баёнгари ҳамин аст,” – гуфтааст Гулноза Саид.
Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон афзуда, ки намедонад Далери Имомалӣ дар мурофиа чӣ дархост карда ва оё бозбинии ҳукмашро хоҳад хост ё не.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Далери Имомалиро дар мурофиае пӯшида дар Боздоштгоҳ рӯзи 17-уми октябр ба 10 сол зиндон маҳкум кардааст. Тафсилот маълум нест.
Додситон пештар ӯро ба напардохтани молиёт ва дурӯғпароканиву ҳамкорӣ бо созмони мамнуъ муттаҳам карда, даҳуним сол зиндон хоста буд. Худаш иттиҳоми аввалиро пазируфта, вале дуи дигарро беасос номидааст.
Далери Имомалии 34-сола ва соҳиби ду фарзанд, ки қаблан дар радиоҳои “Имрӯз”-у “Ватан” ва театри “Нигоҳи нав” кор карда, аз моҳи январи имсол хабарнигори мустақил буд, моҳи июн дастгир шуд.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то кунун се нафари онҳо ба зиндон маҳкум шуданд. Пеш аз Далери Имомалӣ, Муҳаммади Султон ба 8 ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуда буданд. Муҳокимаи камаш ду нафари дигар паси дарҳои баста ҷараён дорад.