Иттиҳоди Аврупо рӯзи 17-уми октябр эълон кард, ки ба зидди як қатор мансабдорони Эрон барои нақзи ҳуқуқи башар таҳрим ҷорӣ кард.
Ба рӯйхати таҳримшудаҳо 11 шахси воқеӣ ва чаҳор ширкати эронӣ дохил шудааст. Онҳо ба саркӯби бераҳмонаи иштирокдорони эътирозҳои Эрон дар миёнаҳои моҳи сентябри имсол айбдор мешаванд.
Дар миёни таҳримшудаҳо вазири иттилоот ва фанновариҳои Эрон низ ҳаст. Ӯро барои қатъи интернет дар Эрон шомили ин рӯйхат кардаанд.
Дар Брюссел гуфтанд, омодаанд, эълони таҳримҳои навро зидди Эрон барои интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русия баррасӣ кунанд.
Эътирозҳо дар Эрон баъд аз марги Маҳсо Аминӣ, духтаре, ки барои беҳиҷобӣ боздошт шуда буд, сар заданд. Ҳазорон нафар дар шаҳрҳои гуногуни Эрон аз моҳи сентябр то кунун даст ба эътироз мезананд.