Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хостааст, ба шахсони муттаҳам ба терроризм "паноҳгоҳ" надиҳанд, вале аз ҳеч гуруҳу давлати хосе ном набурд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми октябр дар нишасте дар Душанбе гуфт, масъалаи ҳуқуқи башар ва ифротгароиву терроризм ҷудо аз якдигар баррасӣ шавад.
Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир аз паноҳгоҳ додани кишварҳои аврупоӣ ба намояндагони созмонҳои мухолифе ба монанди ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва "Гуруҳи 24" танқид мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аъзои ин гуруҳҳорро ба содир кардани амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ муттаҳам мекунад, аммо мухолифон даъвои мақомотро беасос медонанд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми октябр ҳамчунин гуфт, "мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти "гуреза" хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар мутараққӣ сӯйистифода менамоянд."
Баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, мақомоти Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ озодиҳоро дар кишвар маҳдуд кардааст. Мақомот инро рад мекунанд.
Тамаркузи асосии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқобила бо терроризм дар Душанбе асосан ба сари масъалаи марз ва хатарҳо аз Афғонистон буд. Ӯ гуфт, Тоҷикистон барои таҳкими марзаш бо Афғонистон дар ду соли охир 175 иншооти сарҳадӣ сохта, лозим аст, боз 300 иншооти дигар созад.
Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон баъди ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли гузашта зиёд шуд. Ҳукумати Толибон борҳо гуфтааст, ки иҷозат намедиҳад, аз хоки Афғонистон бар зидди кишварҳои дигар, аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя истифода шавад. Ба назар мерасад, баъзе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба ваъдаҳои Толибон бовар надоранд.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад, ки як қисми он дар минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ ҷойгир шудааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр гуфт, "бо омӯзиши вазъи феълӣ ҳукумати Тоҷикистон диққати худро ба ҳифзи сарҳади давлатӣ равон кардааст, то аз пешгирии интиқоли ҷангиён ва маводи мухаддир пешгирӣ шавад. Вазъи феълӣ ва ғасби ҳудудҳо аз сӯи террористон хатар ба кишварҳои ОМ-ро зиёд кардааст."
Ин ҳамоиши севуми байнулмилалӣ вобаста ба муқобила ба террозим дар Душанбе аст. Конфронси "Ҳамкории байнулмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо", то 19-уми октябр идома хоҳад кард.