Раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш зиёда аз 400 нафар ва асосан занону кӯдаконро аз Ироқу Сурия баргардондааст. Бозгардондии шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна дар ду марҳила сурат гирифт.
Як гуруҳи занону наврасон соли 2019 аз Ироқ ва гуруҳи дигарро имсол аз Сурия ба Тоҷикистон оварданд. Бо гузашти се сол аз овардани гуруҳи аввал, мақомот онҳоро ба дасти наздиконашон намедиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми октябр дар ҳамоиши муқобили бо терроризм гуфт, талошҳо барои “офиятбахшӣ ва барқарорсози”-и афроде, ки аз Сурияву Ироқ баргардонда шуданд, идома дорад.