Дар Русия зодагони Осиёи Марказӣ, ҳатто онҳоеро, ки шаҳрвандии ин кишварро надоранд, ба хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, рӯзҳои охир мавридҳои иҷборан ба ҷанг бурдани хориҷиёну муҳоҷирон махсусан аз боздоштгоҳу зиндонҳои Русия бештар мешавад.
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқ ва раҳбари созмони “Тонг ҷаҳони” мегӯяд, дар як рӯз ба ӯ 4 муроҷиат расидааст, ки дар он муҳоҷирон гуфтаанд, даъватнома гирифтанд.
Ба гуфтаи Валентина Чупик, ба шахсони зиёде, ки дар Русия бар асоси иҷозатномаи муваққатӣ зиндагӣ ё ҳаққи иқомати доимӣ доранд, дар коргоҳ ё хона даъватнома ё фармони сафарбарӣ супурдаанд.
Ӯ ба таври мисол гуфт, муҳоҷирони корафтода дар Маркази “Сахарово” маҷбур карда мешаванд, ки бидуни шинос шудан ба чандин санад аз ҷумла қарордоди ихтиёран рафтан ба хидмат имзо гузоранд.
Ҳолатҳое ҳам будааст, ки онҳоро дар ҷойи кор водор мекунанд, ки ба як даста санадҳои ношинос имзо кунанд.
Ҳуқуқшинос Валентина Чупик ба муҳоҷирон таъкид мекунад, ки бе огоҳӣ ба ягон санад имзо нагузоранд.
Сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия моҳи сентябри имсол шуруъ шуд. Мақомоти Русия гуфта буданд, ки ба ин маърака афроди душаҳрвандӣ, ки таҷрибаи хидмат дар артишро доранд, ҷалб карда хоҳанд шуд.