Ҳамлаҳои нави нерӯҳои Русия ба шаҳрҳои Украина

Мақомоти Украина гуфтанд, ки нерӯҳои Русия рӯзи 17-уми октябр шаҳри Киев ва дар ҷануб Днепропетровску Одессаро ҳадаф қарор доданд. Ин дар ҳолест, ки даргирӣ миёни нерӯҳои русӣ ва украинӣ дар ду шаҳраки минтақаи Донбасси Украина идома дорад.

Ҳамлаҳои охир дар ҳоле рух медиҳанд, ки дар пайи мушакборони ҳафтаи гузаштаи нерӯҳои русӣ, 19 нафар дар саросари Украина ҷон бохтанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, ин ҳамлаҳо рӯҳияи украиниҳоро нахоҳад шикаст.

"Душман тӯли шаб ва низ ин субҳ ғайринизомиёнро ба ваҳшат андохт. Бо бесарнишинҳо ва мушакҳо ба Украина ҳамла карданд. Душман метавонад, ба шаҳрҳои мо ҳамла кунад, аммо наметавонад моро шикаст диҳад," --навишт Виталий Кличко, шаҳрдори Киев дар "Твиттер".

Оқои Кличко гуфт, 18 нафар аз зери як биное, ки ҳадаф қарор гирифта буд, наҷот дода шуданд, аммо ҳанӯз чандин нафар дар зери вайронаҳо қарор доранд.

Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Днепропетровск, воқеъ дар ҷануби Украина, рӯзи 17-уми октябр гуфтанд, ки ба асари мушакпаронии русҳо дар шаби гузашта дар як таъсисоти энержӣ сӯхтор ба миён омад.