Вазорати дифои Русия шоми 15-уми октябр аз “ҳамлаи террористӣ” дар як тамрингоҳи низомӣ дар вилояти Белгород хабар дод. Дар он ҷо афроде қарор доштанд, ки дар маъракаи сафарбарӣ ба артиш барои ҷанг ба Украина ҷалб шуда буданд ва омодагӣ медиданд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки ду шаҳрванди яке аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар ин тамрингоҳ машқ мекарданд, ба тарафи ҳамхидматони худ бо силоҳ оташ кушоданд. Шахсияти ҳамлагарон ва зодаи кадом кишвар буданашон расман эълон нашудааст. Дар бархе саҳифаҳои телеграмӣ аз онҳо тоҷик ном бурда шудааст, вале мақомот инро тасдиқ ва рад накардаанд.
"Дар пайи тирпарронӣ 11 нафар ба ҳалокат расид. 15 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини гуногун ба муассисаи тиббӣ интиқол ёфта, ба онҳо кумакҳои зарурӣ расонида мешавад", - гуфтанд дар вазорати мудофиаи Русия.
Ду нафари ҳамлагар, ба гуфтаи мақомот, “дар натиҷаи оташи ҷавобӣ кушта шудаанд.”
Ҳоло ҳазорон шаҳрванди Русия, ки дар маъракаи сафарбарии ҷузъӣ ба артиш даъват шудаанд, дар тамрингоҳҳои низомӣ барои ҷанг омодагӣ мебинанд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 21-уми сентябр "сафарбарии ҷузъӣ" эълон кард. Дар натиҷа ҳазорон рус кишварро тарк карданд, вале қисми дигар барои рафтан ба ҷанг омодагӣ мегиранд.