Дар Оқтеппа баррасии парвандаи 18 гумонбар ба ҳодисаҳои январ оғоз шуд

Додгоҳи Оқтеппа, 13-уми октябри 2022

Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон баррасии парвандаи 18 гумонбарро ба ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар он кишвар оғоз кард.

Гумонбарон ба "Бетартибии оммавӣ", "Истифодаи зӯрӣ нисбат ба намояндаи давлат" ва "Дуздии силоҳ" айбдор мешаванд.

Дар миёни ин 18 нафар Нурсултон Исоев ҳам ҳаст. Қаблан ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Оқтеппа гуруснанишинӣ эълон карда, наздиконаш борҳо аз додситонии вилоят тағйири бандҳоро дар парвандаи ҷиноии ӯ хоста буданд. Онҳо гуфтанд, Исоев "ҳеч коре накардааст ва алайҳи ӯ иттиҳоми ҷиддӣ бояд эълон нашавад".

Вакилони дифоъ дар мурофиаи нахустин дархост карданд, ки ҳукми ҳабси пешакии шахсони зери ҳимояи онҳо ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шавад. Додрас дархостро қабул ва танҳо як гумонбарро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард.

Бино ба маълумоти расмӣ, додгоҳи Оқтеппа 21 парвандаи марбут ба ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистонро баррасӣ мекунад. Он моҳи июли имсол се гумонбарро дар ғасби фурудгоҳи шаҳр айбдор эълом карда буд.