Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо низоми Русияро "террористӣ" номид

Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо

Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо қатъномаеро қабул кард, ки дар он Русия як режими террористӣ номида шудааст. Дар ин бора вакили порлумони Украина аз ҳизби ҳокими "Хидматгори мардум" Марина Бардина ва "Ҳақиқати Аврупо" хабар доданд.

Ба ҷонибдорӣ аз қатъномаи "Афзоиши минбаъдаи таҷовузкориҳои Русия зидди Украина" 90 вакил раъй дода, танҳо як нафар бетарафиро ихтиёр кардааст.

Дар санад гуфта мешавад, "таҷовузи Русия зидди Украина бояд ба таври ошкоро ҳамчун ҷиноят, нақзи ҳуқуқи байнeлмилалӣ ва таҳдиди аслӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ маҳкум шавад". Ҳамчунин ассамблея даъват кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина идома ёбад.

Бандҳои муҳими қатънома маҳкум кардани таҷовузи Русия, эътирофи он ҳамчун ҷинояти ҷангӣ, тасдиқи соҳибихтиёрии Украина, суръат бахшидан ба ташкили додгоҳи махсуси байналмилалӣ барои таъқиби афроде, ки зидди Украина ҷиноятҳои ҷангӣ содир мекунанд, ташкили механизми мукаммали байнeлмилалии ҷуброн, аз ҷумла феҳристи байнeлмилалии зарар; таъмини Украина бо низомҳои дифои ҳавоӣ, берун кардани ҷосусҳои Русия аз созмонҳои байнулмилалӣ мебошанд.

Ассамблея нахустин созмони хориҷиест, ки Русияро кишвари террористӣ эълон мекунад.

Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо як ниҳоди машваратӣ дар Шӯрои Аврупо аст. Ассамблея аз намояндагони порлумонҳои ҳама кишварҳои узв иборат аст ва қарорҳояш хусусияти машваратӣ доранд ва ҳатмӣ нестанд.

Украина аз кишварҳои ҷаҳон даъват дорад, ки Русияро ҳамчун ҳомии терроризм бишиносанд. Маъмурияти Амрико гуфтааст, ба ин омода нест, чун имконияти ҳамкорӣ бо Русия комилан аз байн меравад. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон низ мухолиф баромадааст.