Президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия дар Остона мулоқот мекунанд

Президентҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия -- Содир Ҷабборов, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 13-уми октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқоти сеҷониба анҷом медиҳанд.

Қарор аст, дар ин мулоқот масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ шавад. Ин хабарро сухангӯи президенти Қирғизистон Ербол Султонбоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, мулоқот бо ташаббуси президенти Русия, ки омодагии худро барои мусоидат дар ҳалли мушкили марзии ду кишвар баён карда буд, баргузор мешавад.

Ин нахустин мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди ҳодисаҳои хунин дар марзи ду кишвар аст.