Мақомот аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина хостаанд, ки талаботи вазъи ҳарбиро дар он кишвар риоя кунанд ва агар имкон ҳаст, “қаламрави Украинаро тарк кунанд”. Дар айни замон аз шаҳрвандони дигар талаб шудааст, аз рафтан ба Украина худдорӣ варзанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Киев рӯзи 11-уми октябр тасмимро “ба шиддат гирифтани ҳамлаҳо ба инфрасохторҳои муҳим дар саросари Украина ва таҳдид ба амнияти шахсӣ” номид.
Як рӯз пеш Русия ба Киев ва минтақаҳои дигари Украина зарбаҳои сахти ҳавоӣ зад ва, ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар, камаш 19 кас кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд.
“То муътадил шудани вазъият аз сафар ба Украина худдорӣ кунед,” -- гуфта шудааст дар изҳороти сафорат.
То оғози ҷанги Русия дар Украина, дар ҳашт моҳи пеш, чаҳор ҳазор тоҷикистонӣ дар гӯшаҳои гуногуни Украина таҳсилу кору зиндагӣ мекарданд.
Пас аз шурӯи ҷанг садҳо нафари онҳо тавассути Лаҳистон (Полша) ба кишварҳои дигари аврупоӣ рафтанд ва ё ба Тоҷикистон баргаштанд. Баъзеи дигар, бахусус мардон, дар Киев ва минтақаҳои дигари Украина мондаанд.