Дар фурӯшгоҳҳои Тошканд шир камчин шудааст

Акс аз бойгонӣ

Истеъмолгарони Узбекистон шикоят доранд, ки вақтҳои охир дар фурӯшгоҳҳои Тошканд норасоии шири коркардшудаи маҳаллӣ мушоҳида мешавад.

Корбарони узбекистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҳоло дар фурӯшгоҳҳои пойтахти кишвар шири истеҳсоли маҳаллӣ бо номҳои "Лактел" ва "Мусаффо"-ро пайдо кардан номумкин шудааст.

Дар шабакаи фурӯшгоҳҳои "Korzinka" дар шаҳри Тошканд ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло дур фурӯши навъҳои мазкури шири маҳаллӣ маҳдудият ҷорӣ шуда, ба як муштарӣ аз се ё чаҳор қуттӣ бештар намефурӯшанд.

Фурӯшандаҳои мағозаҳои Тошканд мегӯянд, истеҳсолгарони "Лактел" ва "Мусаффо" дигар маҳсулоти худро ба онҳо пешниҳод намекунанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки норасоии шир дар фурӯшгоҳҳои Тошканд баъди рафтани ширкати швейтсарии "Tetra Pak" аз бозори Русия дар пайи ҷанги Украина мушоҳида мешавад. Истеҳсолгарони Узбекистон то оғози ҷанги Украина қуттиҳои ширро аз Русия ворид мекардаанд.