Раиси ҷумҳури Амрико пас аз ҳамлаҳои маргбори ҳавоии Русия ба Украина гуфтааст, Вашингтон ба пуштибонӣ аз Киев идома хоҳад дод.
Ҷо Байден ҳамчунин ваъда додааст, ки Русияро барои ончи "ҷиноятҳои ҷангӣ ва бераҳмӣ" номид, ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.
Кохи Сафед мегӯяд, Байден рӯзи 10-уми октябр бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, суҳбати телефонӣ дошт.
Вай ҳамлаҳои мушакии Русияро маҳкум карда, ваъда додааст, ки ба Украина кумаки зарурӣ, аз ҷумла системаҳои пешрафтаи дифои ҳавоӣ, хоҳанд расонд.
"Иёлоти Муттаҳида ҳамлаҳои мушакии Русияро дар саросари Украина, аз ҷумла Киев, сахт маҳкум мекунад. Дар ин ҳамлаҳо шаҳрвандони одӣ кушта ва захмӣ шуданду иншооти ғайринизомӣ хароб гардид," – омадааст дар баёнияи Кохи Сафед.
Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Украина, дар пайи ҳамлаҳои Русия рӯзи 10-уми октябр камаш 19 кас кушта ва беш аз сад нафар захмӣ шудаанд.