Путину Ҷабборов дар Қазоқистон мулоқот мекунанд

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 12-уми октябр барои иштирок дар "як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ" ба шаҳри Остонаи Қазоқистон меравад.

Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Муратбек Азимбакиев гуфт, Ҷабборов 13-уми октябр дар ҳамоиши 6-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона иштирок мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин қарор аст, президенти Қирғизистон дар дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Русия” ширкат кунад.

Пештар расонаҳо аз қавли сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар доданд, ки Ҷабборов бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар Остона мулоқот мекунад.