Мурофиаи аввалини Завқибек Саидаминӣ ба таъхир уфтод

Завқибек Саидаминӣ. Акс аз саҳифааш дар Фейсбук

Мурофиаи аввалини Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори боздоштшударо ба таъхир гузоштаанд.

Пайвандонаш гуфтанд, мурофиа бояд рӯзи 10-уми октябр дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор мешуд, аммо ба сабаби барои онҳо номаълум ба рӯзи дигар монд. Дар додгоҳ қазияро шарҳ надоданд.

Ҳафтае пеш модараш Ҳабиса Ятимова ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки се моҳ боз ӯро надидаанд ва намедонанд дар чӣ шароит аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "На ВКД иҷоза дод, на додгоҳ." Модараш мегӯяд, се моҳ боз Завқибекро надидааст

Ин хабарнигори тоҷик ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" гумонбар аст. Худаш борҳо гуфтааст, ба ҳеч созмону гуруҳе марбут нест ва ҳамкорӣ низ надорад.

Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли имсол аз тарафи пулиси шаҳри Ваҳдат дастгир ва баъдан ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бурда шуд.

Тибқи ттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминии 38-соларо бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) ҷамъбаст карда, миёнаҳои моҳи сентябр ба додгоҳ фиристодаанд. Ин айбнома аз панҷ то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Хабарнигори пешини “Телевизиони Тоҷикистон” бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.

Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ Завқибек Саидаминӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд. Бо вуҷуди нигоҳи озод ва интиқодияш, Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва ду нафари онҳо – Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Муҳаммади Султон ба 8 сол зиндон – маҳкум шудаанд.