Вазири мудофиаи Олмон ҳангоми сафараш ба Литва гуфт, НАТО бояд барои амнияти муштарак бештар кор кунад, то худро аз ҳар гуна иқдомҳои таҷовузкоронаи Русия ва президент Владимир Путин муҳофизат кунад.
Кристин Ламбрехт ҳангоми вохӯрӣ бо нерӯҳои Олмон дар Литва, гуфт, "воқеият ин аст, ки мо бояд барои амнияти муштараки худ бештар кор кунем. Мо намедонем, ки худхоҳии Путин то куҷо мебарад."
"Мо таҳдидҳои Русияро ба Литва шунидем. Ин таҳдиди аввалин нест ва бояд онҳоро ҷиддӣ қабул кунем ва омода бошем," – афзуд ӯ.
Олмон ба як гуруҳи байнулмилалии иборат аз 3000-5000 сарбоз дар Литва сарварӣ мекунад.
Нерӯҳо бахше аз кӯшишҳои НАТО барои таҳкими кишварҳои наздик ба қаламрави Русия ҳастанд. Ин талош баъди иқдомоти таҷовузкоронаи Маскав дар минтақа ҷиддӣ шудааст.