Ленин, Исмоили Сомонӣ, Эмомалӣ Раҳмон ё номи чандин ходимони давлативу ҷамъиятӣ аз маҳаллаи Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои иваз кардани номи як кӯча боиси баҳси сокинон шудааст.
Ин масъала замоне сар задааст, ки соли 2017 пайвандони ходими давлатӣ ва зодаи кӯча Тоҷиниссо Осимова хостаанд, барои хидматҳояш кӯчаи Ленинро ба номи ӯ гузоранд. Пешниҳод қабул нашудааст ва оилаи табиби номӣ Баротҷон Рӯзиев ҳам айни чунин хоҳишро кардаанд.
Мақсуд Набиев, раиси маҳаллаи Арбоб: “Соли 2020 моҳи ноябр, оилаи Рӯзиевҳо бо ариза муроҷиат кард. Вақте гурӯҳи корӣ ташкил кардем, бо роҳбарии муовини раиси ноҳия ва бо иштироки раиси ҷамоат, муовинони раиси ҷамоат ва шахси бовариноки оилаи Рӯзиевҳо дар ба дар гашта фикру андешаи сокинонро гирифтем. Натиҷаи пурсиши софу шаффофи мо ҳамин шуд, ки 16 оила тарафдор, 85 оила зид ва 2 оила бетараф шуданд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинон мегӯянд, беш аз 60 сол боз ин кӯча номи асосгузори Владимир Илич Ленин, асосгузори Иттиҳоди Шӯравиро дорад. Ҳоло дар инҷо беш дусад оила зиндагӣ мекунанд ва бархе аз онҳо мегӯянд, ба ин ном одат кардаанд.
Наимҷон Самадов, сокини Бобоҷон Ғафуров: “Ман аз соли 1971 то соли 1973 ба хидмати аскарӣ рафта будам ва онҷо вақте ба ҳамхидматонам номи кӯчаамро Ленин гӯям ба ҳайрат афтода буданд, ки наход дар як деҳаи дур ҳам чунин номгузорӣ шудааст. Ман фахр мекардам, ки номи кӯчаи мо Ленин аст. Ба фикри ман, иваз кардани ном барои мо чӣ лозим?”
Мирзофатҳуллоҳ Мирзошарифов, сокини Бобоҷон Ғафуров: “Ҳоҷат нест, номи кӯчаро нав кунем. Инҷо беш аз 1000 одам зиндагӣ мекунад ва ҳамаи онҳо маҷбур мешаванд, ки шиносномаашонро нав кунанд.”
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, рӯзи 19-уми сентябр дар ҳамоиши вакилони ҷамоат масъалаи номгузории кӯчаи Ленин ба раъйдиҳӣ гузошта шуда ва аксари вакилон ба тарафдории номи Баротҷон Рӯзиев овоз додаанд, вале бар тибқи қарори нав, танҳо номи як қисмати кӯча иваз карда мешавад.
"Хайр на Ленин шаваду на номи он кас, бигзор Арбоб шавад”
Мақсуд Набиев, раиси маҳаллаи Арбоб: “Вакилон овоз доданд, вале напурсиданд, ки протоколи ҳамин номинтихобкунӣ чӣ гуна сурат гирифтааст. Ягон каси онҳо надид онро ва нишон ҳам надоданд. Вақте ба овоздиҳӣ гузоштанд, онҳо фақат овоз доданд”.
Маъруфҷон Аслонхӯҷаев, сокини Бобоҷон Ғафуров: “Сокинони ҳамин маҳалла номи падарамро мемонем гуфтанд. Кӯчаро ду қисмат карда, як қисмашро ба номи падарашону қисмати дигараш ба номи Ленин меистодааст. Охир ин як кӯча аст. Хайр на Ленин шаваду на номи он кас, бигзор Арбоб шавад”.
Саврӣ Умарова, сокини Бобоҷон Ғафуров: “Ин табиб кор карданд, обрӯ доштанд ва акнун номашонро бояд ба беморхона монанд”.
Кӯчаи Ленин дар шафати Қасри Арбоб ҷойгир шудааст. Дар ин қаср 30 сол пеш Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва то мақоми раиси ҷумҳур расид. Сокинон мегӯянд, кӯчаи онҳо дар мавзеъи таърихӣ ҷойгир шудааст ва бояд номи шахсони арзанда ҳавлиҳои онҳоро зеб диҳад.
Мақсуд Набиев, раиси маҳаллаи Арбоб: “Аз номҳои фарзандони фарзонаи миллатамон, қаҳрамонони Тоҷикистон ба монанди Исмоили Сомонӣ, Эмомалӣ Раҳмон ё иҷлосияи 16-ум гузошта шавад. Ҳоло ҳамин се номро халқ тарафдорӣ кардаанд ва ба онҳо писанд омадааст”.
Масъулони Ҷамоати Унҷӣ мегӯянд, то ҳол сокинон бо пешниҳоди номи дақиқ ва якдилона ба онҳо муроҷиат накардаанд.