Таркиш дар пули муҳими Керч ҳаракати нақлиёт ба Қримро қатъ кард. ВИДЕО

Дар натиҷаи таркиш қисмати мошингарди пул вайрон шудааст.

Таркиш ва оташсӯзии азиме ҳаракати нақлиётро дар як пули муҳиме қатъ кард, ки Русияро бо нимҷазираи ишғолшудаи Қрим мепайвандад ва як роҳи таъминотии нерӯҳои Русия ба ҳисоб меравад.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки таркиши мошини бомбгузоришуда дар рӯзи 8-уми октябр сабаби қатъи ҳаракат шуд ва мақомоти Украина ишора кардаанд, ки таркиш кори дасти онҳост. Дар як видеое, ки дар гӯшаҳои украинии шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, қатори оташгирифта ва як қисмати фурӯрафтаи роҳи мошингарди пул дида мешавад. Вайрон шудани пулро зарбаи сахте ба талошҳои Русия ба ҷанг дар Украина медонанд, чун пул яке аз роҳҳои асосии таъминоти сарбозони Русия аст.

Расонаҳои Русия бо такя ба Кумитаи зиддитерористии Русия навиштаанд, ки “субҳи имрӯз соати 6:07 дар роҳи мошингарди пули Қрим мошини бомбгузоришуда таркид ва сабаби оташ гирифтани 7 қатори бӯшкаи бензин шуд, ки ба Қрим мерафт.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таркиш дар пули муҳими Керч ҳаракати нақлиёт ба Қримро қатъ кард

Михайло Подоляк, мушовири раиси ҷумҳур Владимир Зеленский дар Твиттер навишт, ки таркиш “фақат оғози кор аст,” ки инро ишорае ба даст доштани Украина дар таркиш медонанд.
Ӯ навиштааст: “Ҳама чизи ғайриқонунӣ бояд вайрон карда шавад, ҳарчиро, ки дуздиданд, бояд ба Украина баргардонда шавад ва ҳарҷое, ки ишғол шудааст, бозпас гирифта шавад.”

Пуле, ки се сол пеш сохтмонаш ба поён расид, Қримро бо қаламрави Русия мепайвандад ва баъди оғози ҷанг барои интиқоли неруҳо, аслиҳа, таҷҳизот ва сӯзишворӣ ба Украина истифода мешуд. Пуле, ки аз гулугоҳи Керч мегузарад, 19 километр тул дорад ва сохтмонаш соли 2019 ба поён расид. Пули Керч дарозтарин пул дар қаламрави Аврупо аст ва ҳадафи бунёдаш назорати комил ба Нимҷазираи Қрими Украина аст, ки Русия соли 2014 ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

Айни замон мақомоти Украина аз пешрафтҳои дигар дар ҳамлаҳои ҷавобӣ ба зидди неруҳои Русия дар шарқу ҷануби кишвар дар ҳафтаи гузашта хабар доданд. Ҷудоиталабони зери ҳимояти Русия гуфтанд, ки дар шаҳри Бахмут дар вилояти Донетск пешравӣ мекунанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина шаби 7-уми октябр дар муроҷиати видеоӣ гуфт, ки неруҳои кишвараш дар баъди ба ном раъйпурсии Русия дар ҳафтаи гузашта бештар аз 770 километри мураббаъро бозпас гирифтаанд.

Ҷудоиталабони тарафдори Русия гуфтанд, ки шаби 7 ба 8-уми октябр дар шаҳри стратегии Бахмут дар вилояти Донетск чанд маҳалларо гирифтанд, аз ҷумла рустоҳои Отрадовка ва Весёлая Долинаро. Радиои Озодӣ қодир ба тасдиқи ин хабарҳо аз ҳарду тараф нест.