Додситонии вилояти Хатлон ба таҳқиқи марги як сарбозе дар ноҳияи Хуросон оғоз кардааст, ки ба гуфтаи фармондеҳонаш худкушӣ кардааст. Иддаое, ки модари Тоҳир Муъминов, сарбози Бригадаи ҳавобурд ва зарбазан бовар надорад ва барои ҳамин аз додситонӣ хостааст, марги писарашро таҳқиқ кунад ва агар касе гунаҳкор бошад, ба ҷавобгарӣ кашад.
Шодигул Муъминова, сокини деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон рӯзи 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, иддаои фармондеҳони қисми низомиро дар бораи марги ҷигарбанди 22-солааш бовар надорад ва мехоҳад бидонад, ки “писарашро кӣ кушт ва агар худкушӣ карда бошад, ки ӯро ба ин ҳол овард.”
Афсарони қисми низомии Тоҳир Муъминов дар ноҳияи Хуросон ҳангоми ширкат дар дафни сарбоз дар зодгоҳаш ба модару дигар наздикони ӯ гуфтаанд, ки гуё “писари онҳо худро дар дохили чархболи низомӣ худро бо тасма овехтааст”.
Шодигул Муъминова ба ин иддао бовар надорад ва сабабҳои нобоварияш ба фарзияи афсарони қисми низомиро ба Радиои Озодӣ чунин шарҳ дод: “Он рӯз назоратчӣ дар куҷо буд, ки ин воқеа рух додаасту ӯ надидааст? Мумкин аст, бачаи маро ба марг расонида, баъд овезон карда бошанд, дилам инро гувоҳӣ медиҳад. Чун писарам доим шикоят мекард, ки оча, онҷо маро ғам медиҳанд, ман ба ҷонам расидам.”
Суолҳои беҷавоби модари сарбози ҷавонмарг
Модари Тоҳир Муъминов чандин суоли дигар дорад, ки мехоҳад, мақомоти интизомӣ ва додситонӣ ба онҳо посухи дурусту дақиқ бидиҳанд. Ӯ мегӯяд: “Дар даруни як чархболи ҳарбии куҳнашуда, ки танҳо барои тамрин будааст, гӯиё худро овехтааст. Баландии дохили чархбол баробар ба қади одам аст, одам овезон намешавад. Вақте ман рафтаму ин ҳамаро пурсидам, сарбозон ба ҳамдигар нигоҳ мекарданд ва касе чизе намегуфт”.
Дар Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таҳқиқи марги Тоҳир Муъминовро оғоз кардаанд. Дигар мақомоти расмӣ то ҳол дар бораи марги Тоҳир Муъминов чизе нагуфтаанд, вале як мақоми ҳукумати ноҳияи Хуросон, ки дар маросими дафни сарбоз ҳузур доштааст, рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Рӯзи ҷаноза гуфтанд, ки сарбоз худкушӣ кардааст". Дар ҷанозае, ки падари сарбоз ба сабаби муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳузур надоштааст.
Фоҷиа ба гуфтаи модар рӯзи 25-уми сентябр рух додааст. Модари Муъмин Тоҳиров мегӯяд, писараш чанд рӯз қабл аз ҳодиса, барои чанд рӯз рухсатӣ гирифта, ба хона омада буд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Рӯзи 22 -уми сентябр барои идомаи хизмат ба қисми низомӣ баргашт, аммо рӯзи 25-уми сентябр ҷасадашро оварданд”.
Волидонаш мегӯянд, Тоҳир дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар соли чаҳорум таҳсил мекард ва аз сабаби каҷ будани пойҳояш, ба шӯъбаи фосилавӣ гузашт. Шодигул Муъминова гуфт, бо вуҷуди беморӣ, писарашро ба хидмати низомӣ бурдаанд: “Бе даъватномаи комиссариат, облава карда буданд. Писари ман асабӣ буд, ҷойе, ки одамони зиёд ҳастанд, асабаш намебардошт. Шикояти бемориашро ҳам карда будам, ба инобат нагирифтанд. Худашон ҳатто дар қисми низомӣ гуфтаанд ки пойҳояш рост нест. Инро ҳеч кас ба назар нагирифт.”
Дар Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон як ҳамсуҳбати мо бидуни зикри номаш гуфт, таҳқиқи марги сарбоз идома дорад: “Рӯзи нуҳум аст, ки ҳодисаро таҳқиқ дорем. Ташхисҳои зиёд бояд анҷом шавад. Мо бояд қароре қабул кунем, ки одилона бошад, чун ӯ фарзанди инсон аст.”
Ҷавобгарии садҳо нафар барои ҷиноят дар артиш
Марги сарбозони тоҷик дар сафи неруҳои мусаллаҳ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам худкушии сарбозон ва ё дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо мушоҳида шудааст. Бадрафторӣ бо сарбозонро яке аз сабабҳои аслии рух додани фоҷеаҳо дар артиш меноманд.
Мақомот ҳар дафъа марги сарбозонро ба бемории онҳо рабт медиҳанд ва ё ҳодисаи тасодуфӣ мегӯянд. Кам иттифоқ афтодааст, ки масъулони қисми ҳарбӣ ва ё фармондеҳон ҷазо бигиранд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар як гузориши тозае чанде пеш гуфт, дар се соли ахир 639 мансабдорро, ки ҷиноятҳо дар қисмҳои низомиро пинҳон кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд. Дар панҷ соли ахир 182 ҷиноят ошкор шудааст, ки афсарону прапоршикҳо дар латукуби тобеони худ даст доштаанд.
Модари Тоҳир Муъминов мегӯяд, писараш ҳам аз рафтори баъзе аз афсарон шикоят мекард, ки бо ӯ бадрафторӣ мекунанд, дашномҳои қабеҳ медиҳанд ва ё мезананд. Бархе аз фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, азбаски чунин фоҷиаҳо ба обрӯи хидмати сарбозӣ латма мезанад, дар ҳолатҳои зиёд асрори марги сарбозон пӯшида мемонад ва волидон ҳам бо ҳамин сабаб ба шарҳи расмии марги фарзанд бовар намекунанд. Ҳоло Шодигул Муъминова мегӯяд, ягона хатояш ин буд, ки бо вуҷуди шикоятҳои писараш аз бадрафтории афсарон ба раҳбарияти онҳо арз накард:
“Ман медонам, фарзандам ба ман дурӯғ намегуфт, вай мегуфт, ки онҷо мезананд. Писарам гуфта буд, ки кадом як афсар дар дилаш сахт задааст. Латукӯб нест, мегӯянд, аммо ҳаст. Бигзор президент донанд, ингуна одамон набояд кор кунанд, бояд ҷазояшонро бигиранд.