Порлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро баррасӣ дорад, ки тибқи он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ гурӯҳҳои мусаллаҳи ихтиёриён таъсис дода мешавад.
Онҳо дар ҳолатҳои сар задани низоъ ба марзбонон кӯмак хоҳанд кард.
Ин тасмим пас аз муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, гирифта шудааст.
Коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, ин кор метавонад боиси хунрезии бештар шавад.
Агар тағйирот ба қонун қабул шавад...
Дар сурати қабули тағйирот ба қонун, шаҳрвандон метавонанд, ба гурӯҳҳои ихтиёриён дар деҳоти наздимарзӣ пайваста ва силоҳ ба даст бигиранд. Ба гуфтаи муаллифони тарҳ, дар сурати ҳамла ба Қирғизистон ихтиёриён ҳам ба марзбонон кӯмак мекунанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Марлен Маматалиев, вакили порлумони Қирғизистон мегӯяд, “мо мардони 60-65 сола дорем, ки шикорчии хеле хуб ҳастанд ва мардони зиёди дигаре ҳам ҳаст, ки мехоҳанд аз ватан ҳимоя кунанд. Ба онҳо бояд имконият дода шавад.”
Барои узвият дар гурӯҳҳои ихтиёрӣ хоҳишманд бояд болиғ ва муқими вилоятҳои Бодканду Ош бошад. То ҳоли ҳозир дар Қирғизистон силоҳи оташфишон танҳо ба онҳое дода мешуд, ки 5 сол бе ягон қонуншиканӣ силоҳи шикорӣ истифода бурдаааст. Муаллифони тарҳи қонун мехоҳанд, додани силоҳ ба ихтиёриёнро осон кунанд ва онҳо соҳиби силоҳи ҷангӣ шаванд.
“Аммо ин маънои онро надорад, ки якбора ба ҳама силоҳ диҳанд, тартиб ва раванди онро ваколатдори ниҳоди девони вазирон танзим кунад,”—гуфт Марлен Маматалиев, вакили қирғиз.
“Ин кор хатар ҳам дорад”
Шартҳои қабул ба гурӯҳҳои ихтиёрӣ рӯшан аст, вале вакилони қирғиз мегӯянд, интихоби онҳо сахт хоҳад буд. Бархе аз коршиносони қирғиз мегӯянд, ин кор хатар ҳам дорад.
Мурат Бейшенов, муовини собиқи вазири мудофеаи Қирғизистон гуфт, бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ин кори дуруст нест. “Мо давлати демократӣ ҳастем. Ташкили чунин гурӯҳҳои ниманизомӣ ба манфиати мо нест. Бояд эҳтиёт кард. Дар ҳама минтақаҳо набояд чунин гурӯҳҳо ташкил кард. Танҳо ду ё се гурӯҳ ва ҳама таҳти назорат бошад бояд,”—гуфт ӯ.
Баҳси додани силоҳ ба дасти шаҳрвандони оддӣ ва ва сафарбарсозии онҳо ба минтақаҳои марзӣ дар порлумони Қирғизистон дар ҳолест, ки баъди муноқишаи ахири хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон раҳбарони Кумитаи амнияти ду кишвар сари мизи музокирот нишаста ба мувофиқа расида буданд, ки мушкилоти марзиро бо роҳи гуфтушунид, бидуни истифодаи аслиҳаи ҷангӣ, ҳал мекунанд.
Коршиноси тоҷик: Ин маънои хунрезиро дорад
Мухолифони додани силоҳ ба ихтиёриён мегӯянд, ин кор метавонад сабаби хушунату хунрезии зиёд дар марз шавад. Коршиносон мегӯянд, мақомоти ду кишвар, баръакс бояд истифодаи силҳоро дар марз кам кунанд.
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик мегӯяд, додани силоҳ ба сокинони одӣ маънои афзоиши куштору хунрезиро дорад.
“Барои ҳамин вақте протокол дар бораи сулҳ имзо шуд, бояд порлумон ҳуҷҷатҳое қабул кунад, ки он барои минбаъд муътадил гаштани вазъият ва барои пойдор кардани дӯстӣ раовна шуда бошад, на барои силоҳдоршавӣ. Ҳар гуна мусаллаҳшавӣ дар марз хавфи зиёд дорад. Ҷонибҳо дар бораи аз байн бардоштани баъзе посгоҳҳо қарор қабул карданд. Чунин қарорҳо бояд бештар қабул кунанд, ки шумори низомиёнро дар марзҳои ду тараф кам ва силоҳро кам кунанд. Он вақт сулҳ пойдор мешавад,”—чунин назар дорад, коршиноси тоҷик.
Мақомоти тоҷик ба пешниҳоди ташкили ихтиёриён ва мусаллаҳшавии хоҳишмандон дар Қирғизистон вокуниш надодаанд. Ҳамчунин хабаре нест, ки баъд аз ин ҳодисаҳо ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими марз чи иқдоме рӯйи даст гирифтааст. Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомот, ба вакилони порлумон иҷоза нашудааст, ки ин масъаларо дар ҷаласаи Шӯро баррасӣ кунанд. Ба онҳо таъкид шудааст, ки ба мавзӯи баҳс дар марз кордор нашаванд, зеро ин дар салоҳияти Кумитаи марзбониву ҳукумат аст.
Дар ҳамин ҳол сокинони наздимарзии Тоҷикистон аз омодабошии низомии мардуми ҳамсоякишвари Қирғизистон нигарон ҳастанд. Онҳо бо фиристодани чанд акс аз интиқоли мошинҳои калони низомӣ ба минтақаи марзӣ хабар медиҳанд. Дар низои ахири марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябр аз ҳарду ҷониб беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо кас захмӣ шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар Душанбе ба сафири Қирғизистон нотаи эътирозӣ супурдандБаҳси Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи ордени Путин ба РаҳмонБаҳси ташкили гуруҳҳои мусаллаҳи ихтиёрӣ дар марзи ҚирғизистонТоҷикистон зиёни расидаро аз даргирии марзӣ бо Қирғизистон гуфтПадари сарбози кушташуда: "Ҳар рӯз дард зиёд мешавад" ВИДЕОДар Қирғизистон қонуни басеҷ ва додани аслиҳа ба сокинони наздимарзӣ баҳс шуд