Шӯрои СММ вазъ дар Шинҷони Чинро баррасӣ накард

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ 6 октябр дар пайи раъйдиҳии кишварҳои узв тасмим гирифт, ки гузориши комиссари олии ин созмон дар бораи вазъи ақалиятҳои миллӣ ва мусалмонро дар минтақаи Шинҷони Чин баррасӣ накунад.

Қаблан Бритониё, Туркия, ИМА ва чандин кишвари дигар пешниҳод карданд, ки вазъи ҳуқуқи уйғурҳои мусулмон ва ақалиятҳои дигар дар Шинҷон ба баҳс кашида шавад.

Ин пешниҳод бо 17 раъйи ҷонибдор, мухолифати 19 кишвар ва 11 раъйи бетараф рад карда шуд. Қазоқистон, Узбекистон, Покистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Чин, Непал, Индонезия, Камерун, Эритрея, Габон, Мавритания, Намибия, Сенегал, Судон, Боливия, Венесуэла ва Куба аз зумраи кишварҳое ҳастанд, ки зидди баррасии вазъ раъй доданд.

Вазорати умури хориҷии Чин баъди раъйгирӣ бо нашри изҳороте гуфт, "ИМА ва баъзе кишварҳои дигари ғарбӣ як муддат мешавад, ба ҷомеа дар бораи Шинҷон маълумоти нодуруст медиҳанд ва мехоҳанд бо баҳонаи ҳуқуқи башар обрӯи Чинро хатчадор ва ифротгароиро барангезанд".