Як хонаводаи тоҷик бори аввал раводиди муҳоҷиратро ба Иёлоти Муттаҳида аз Сафорати Амрико дар Душанбе дарёфт кард. Сафорат рӯзи 7-уми октябр бо нашри ин хабар иттиллоъ дод, ки аз ин пас тамоми виза ё раводиди муҳоҷират ба ин кишвар аз Душанбе дода мешавад. Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводид ба Алматои Қазоқистон мерафтанд.
Сафорати Амрико дар Душанбе бо нашри акси ин хонаводаи тоҷик ба онҳо сафари хубу зиндагии навро дар Амрико хостааст. Аммо Сафорат номи ин хонаводаро эълон накардааст.
Рӯзи 3-юми октябр Тодд Ҳюз консули Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "аз 4-уми октябр ба баррасии раводиди муҳоҷират дар Душанбе шуруъ мекунем. Мусоҳиба бо онҳое, ки соҳиби "грин-корт" шудаанд, инҷо мегузарад. Ягона комёбие, ки ҳоло барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст, дигар ниёз нест, ба Алмато раванд ва онҷо дар меҳмонхона зиста мунтазир бимонанд. Акнун ҳамаашро метавонанд, дар сафорати Амрико дар Душанбе анҷом диҳанд”.
Мавсими якмоҳаи озмуни дарёфти ҳаққи муҳоҷират ба Амрико, ки ҳамчун озмуни лотореяи “грин-корт” маъруф аст, рӯзи 5-уми октябр шурӯъ шуд. ИМА соле барои 55 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад.
Ҳар сол ба ҳисоби миёна тавассути ин барнома беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ҳам барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд. Тибқи арзёбиҳои расмӣ, танҳо бар асоси корти сабз дар давоми панҷ соли охир ба Амрико аз Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ворид шудааст.