Медали нуқраи гуштигири тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорон

Ҷамшед Мақсудов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ) миёни собиқадорон, ки 4-уми октябр дар шаҳри Пловдиви Булғористон шуруъ шуд ва то рӯзи 9-уми октябр идома меёбад, медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқот ҳудуди 300 варзишгари аз 35 то 60-сола аз 40 кишвари ҷаҳон дар панҷ гурӯҳ вобаста ба синну солашон (дар ҳар гурӯҳ шаш вазн) иштирок доранд. Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳонии собиқадорон ду нафар – бародарон Ҷамшед ва Зайниддин Мақсудовҳо - намояндагӣ карданд. Ҳарду дар рақобатҳо оид ба гуштии юнонию румӣ ширкат варзиданд.

Ҷамшед Мақсудов дар вазни 70 кило дар гурӯҳи “D” ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф шуд. Рақобатҳои ин вазн нахуст ба таври даврӣ сурат гирифт. Ҷамшед дар даври аввал аз Шамше Тлашадзеи гурҷистонӣ мағлуб шуда, дар ду даври баъдӣ бар Гунар Спрунк (Олмон) ва Ивайло Саров (Булғористон) пирӯз гардид ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар нимфинал Убайдулло Эргашеви узбекистониро шикаст дод. Ҷамшед дар финал боз ҳам бо варзишгари Гурҷистон Шамше Тлашадзе рӯбарӯ шуда, мағлуб гардид. Ҷои сеюмро намояндаи Олмон Стефан Биттменн гирифт.

Зайниддин Мақсудов бошад, дар вазни 78 кило дар гурӯҳи “С” ҷойи панҷумро касб кард. Вай дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Владимир Овсяников ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари Словакия Атилла Райз ва дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм аз намояндаи Албания Мираш Палӣ шикаст хӯрд.