Ба хабаргузории "Orda" дар Қазоқистон сари хук фиристодаанд

Сардабир ин ҳодисаро ба матлабе дар бораи президенти пешини Қазоқистон пайванд додааст

Хабаргузории қазоқии "Orda.kz" шоми 5-уми октябр дар каналаш дар Телеграм хабар дод, ки шахси ношиносе ба идораи расона сари хукро фиристодааст.

"Ин шахс барои ошкор нагардидани шахсияти худ аз хидматрасонии хаткашони хусусӣ истифода бурдааст. Ӯ дар як қуттӣ сари хук ва ба болояш акси даридаи сармуҳаррири расона Гулнора Бажкеноваро гузошта, фиристодааст", - омадааст дар хабари "Orda.kz".

Бажкенова ин ҳодисаро ба матлаби ахири расона рабт дод.

"Агар бо ман ё аъзои хонаводаам, чизе шавад, қотеъона мегӯям, ки он матлаб дар бораи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, бунёди ба номи ӯ ва Алия Назарбоева рабт дорад. Ҳамаи ин корҳо бо супориши онҳо мешаванд. Онҳо бо як даст блогеронро ташкил мекунанд ва бо дасти дигар метарсонанд", - афзуд ӯ.

Намояндагони бунёди ба номи Назарбоев то ҳол ба иддаои сармуҳаррири расона вокуниш нишон надодаанд.