Вазири рус: Маскав хоҳони идомаи кор дар "Помир-Чақалтой" аст

Валерий Фалков

Вазири маориф ва илми Русия гуфтааст, Маскав "манфиатдори идомаи кор" дар Маркази байнулмилалии илмӣ ва таҳқиқотии “Помир-Чақалтой” аст.

Муассисаи мазкурро солҳои 1940 дар баландии 4,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр сохтаанд.

Валерий Фалков рӯзи 4-уми октябр дар суҳбат бо сафири Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, “донишҳое, ки мо ба шарофати дастгоҳҳои астрофизикии ин марказ ба даст меорем, барои тамоми инсоният муҳим аст.”

Маркази байнулмилалии “Помир-Чақалтой” то соли 1991 моли Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Соли 2008 моликияти муштараки Тоҷикистону Русия шинохта шуд.

Тибқи низомномаи Марказ, раҳбарони калидии он бояд аз ҳарду ҷониб таъйин карда шаванд. Ҳамчунин ҳамаи амволи Марказ, “бо шумули замини он” моликияти баробари Русияву Тоҷикистон аст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон иддао доштанд, ки марказ бо 12 гектар замин, бо амволи манқул ва ғайриманқул, аз қабили сохтмонҳо, таҷҳизот ва садҳо тонна фулузоти гаронбаҳо, ба шумули 3000 тонна қӯрғошим, моликияти Тоҷикистон аст.