Ҷанҷоли Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҷаласаи САҲА кашиданд

Ин мошин ҳангоми даргирӣ сӯхтааст. Исфара, моҳи сентябри 2022

Ҷанҷоли марзии Тоҷикистону Қирғизистонро дар моҳи сентябри имсол, ки аз ду тараф даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баҳс кардаанд. Нишаст бахше аз ҷаласаи арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава буд ва рӯзи 4-уми октябр баргузор шуд.

Як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон иддао кард, ки “ҷанҷолро нерӯҳои Тоҷикистон сар карданд” ва амали онҳоро “таҷовузгарӣ” номиду аз САҲА таҳқиқи сабабҳои ҳодисаро хост.

Раиси Паймони миллӣ, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, дар нишасти Варшава гуфт, чунин натиҷагирии якҷониба дуруст нест ва илова кард, ки дар он ҳодиса сарбозону сокинони наздимарзии Тоҷикистон ҳам кушта шуданд.

Намояндагони расмии Тоҷикистон дар нишаст набуданд ва вокуниши онҳо ба изҳорот маълум нест. Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз минбари Созмони Милал Қирғизистонро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам карда буд.

Гулгакӣ Мамасалиева, мудири дафтари созмони “Интербилим” дар Уш, рӯзи 4-уми октябр дар нишасти САҲА пурра дар бораи муноқишаи моҳи сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гап зад.

Вай иддао кард, “ҳар дафъае, ки Бишкек бе ризояти Маскав бо кишварҳои дигар санади стратегӣ имзо мекунад, ба марзаш тир андохта мешавад. Рӯзи 14-уми сентябр нерӯҳои Тоҷикистон ҳамла карданд. 134 ҳазор ғайринизомӣ маҷбур ҷойи зистро тарк намуданд. Даҳҳо ғайринизомӣ ва сарбозон куштаву бехонаву дар монданд.”

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамеша якдигарро ба шурӯи даргирӣ дар сарҳад гунаҳкор карда, ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифони тоҷик дар Аврупо, гуфт, якҷониба ҳамчун кишвари таҷовузгар баҳо додани Тоҷикистон дар муноқиша дуруст нест. Ба гуфтаи ӯ, дар ин даргирӣ аз тарафи Тоҷикистон низ ғайринизомиён ва сарбозону афсарон, ки вазифаи худро иҷро мекарданд, кушта шуданд.

Кабирӣ афзуд, инки Тоҷикистонро як кишвари худкома меноманд, розӣ аст ва пешниҳоди ҷалби САҲА-ро барои ташхиси сабабу омилҳои ин муноқиша дуруст мешуморад.

Дар муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо нафар кушта шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани беш аз 40 ва захмӣ ва шудани 200 ғайринизомӣ суҳбат карда, дар бораи талафоти низомиён чизе нагуфтаанд. Радиои Озодӣ то ин дам номи беш аз 70 қурбонии даргирии марзиро гирд овард.

Ҷониби Қирғизистон дар бораи 62 кушта ва беш аз 200 захмӣ гузориш дод.

Ҷанҷоли ду тараф барои хати сарҳад аст, ки дарозияш ба тақрибан ҳазор километр мерасад, вале садҳо километри он таъину нишонагузорӣ нашудааст.