Раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки шаҳри Лимани вилояти Донетск "пурра озод карда шуд". "Парчами Украина аллакай дар Лиман аст. Ҷанг ҳанӯз идома дорад," – афзуд ӯ шаби 1-уми октябр.
Вазорати дифои Русия тасдиқ кард, ки сарбозонаш Лиманро тарк кардаанд, вале онро "ақибнишинӣ ба мавқеъҳои муносибтар" номид.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу навори сарбозони Украина дар маркази Лиман нашр шуданд.
Вазири дифои Амрико Ллойд Остин бозпас гирифтани Лиманро "комёбии чашмраси нерӯҳои Украина" донист.
Зеленский дар суханронии худ шаби 1-уми октябр гуфт, мансабдорони баландпояи Русия "аллакай ба газидани якдигар шуруъ кардаанд". Ӯ эҳтимол изҳороти раиси ҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодировро дар назар дошт.
Қодиров фармондеҳ Александр Лапинро ба нокомӣ дар Лиман муттаҳам кард. Изҳороти раҳбари Чеченистон дар Телеграм баҳси ҷиддиеро ба вуҷуд овард.
Лиман моҳи майи имсол зери назорати нерӯҳои Русия қарор гирифта буд. Истихбороти низомии Бритониё аз даст додани шаҳри Лиманро барои Русия "шикасти ҷиддии сиёсӣ" тавсиф кард.