Чанд сол боз баҳси ба маркази вилоят табдил шудани ноҳияи Данғара дар ҷануби Тоҷикистон идома дорад. Мақомот мегӯянд, нақшаи генералии Данғара то ҳол дар баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ асту ба дасти онҳо нарасидааст. Вале дар айни замон чандин бинои нави маъмурии баландошёнаро сохтаву ба истифода доданд.
Шералӣ Собирзода, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Данғара, гуфт, “биноҳои баландошёнаи маъмурии давлатӣ ба истифода дода шудааст. Дар онҷо ягон маҳфуми маркази вилоят наомадааст.”
Дар ҳукумати ноҳияи Данғара гуфтанд, то 30-солагии истиқлол беш аз чорсад иншоот сохта, то чаҳор соли дигар бунёди 170 иншооти дигар дар назар аст.
Дар Тоҷикистон аз сохтмони дӯкони хурд гирифта, то марказҳои савдо ва коргоҳҳои кӯчаку биноҳои истиқоматиро иншооти ҷашнӣ меноманд. Аксари онҳоро сокинон ва соҳибкорон месозанд, вале намояндагони мақомот ифтитоҳ мекунанд.
Наворро дар Ютуб бинед:
Коршиносон мегӯянд, сохтмонҳои зиёд дар ноҳияи Данғара ҳеч гоҳ бе нақшаи куллӣ омода намешавад. Дар ҳамин ҳол, сохтмони Фурудгоҳи байнулмилалии Данғара дар масоҳати 450 гектар ба таъхир уфтодааст.
Шералӣ Собирзода, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Данғара гуфт, “масъалаи фурудгоҳ бе нақшаи генералии шаҳрак ва нақшаи генералии ноҳияи Данғара пешбинӣ шудааст. Бо назардошти он омилҳое, ки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, каме боздошта шуд.”
Ноҳияи Данғара аз солҳои 30-юми асри гузашта дар ҳайати вилояти собиқи Кӯлоб буд ва ҳоло як ноҳияи вилояти Хатлон аст. Зодгоҳи раиси ҷумҳур ва бисёре аз аъзои ҳукумат. Баъзе коршиносон мегӯянд, таваҷҷуҳ ба Данғара аз инҷо маншаъ мегирад.
Як сол пеш дар инҷо бемористони вилоятии касалиҳои сироятиро кушоданд. Донишгоҳи давлатӣ дораду Донишгоҳи тиббии Хатлон ҳам дар қаламраваш аст. Минтақаи озоди иқтисодии Данғара чандин корхонаро фаро мегирад. 160 ҳазор аҳолӣ дорад.