Навзоди дуздидашуда дар ноҳияи Ҷомӣ пайдо шуд

Акс аз бойгонӣ

Табибони бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳам яке аз кормандони пулиси ин ноҳия пайдо шудани кӯдаки 23 сентябр аз зоишгоҳ дуздишударо тасдиқ карданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, бино ба иттилои пешакӣ ин кӯдак аз сӯи яке аз хешовандони падари навзод рабуда шудааст. Маълум нест, ки ангезаи даст ба чунин кор задани ин шахс чӣ будааст.

Ин кӯдакро зоҳиран ҳамин руз аз ҳудуди ноҳияи Ҷомӣ пайдо кардаанд. Ҳамчунин феълан маълум нест, ки вазъи саломатии кӯдак, ки аз таваллудаш як ҳафта мегузарад, чӣ будааст.

Волидони кӯдак сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия буда, ин нахустин тифли онҳост. Ба нақли корманди шуъбаи корҳои дохилӣ, падари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатист ва модари кӯдак, ки зоймони сангинро пушти сар карда буд, баъд аз ҷарроҳӣ ба шуъбаи эҳёи таваллудхона интиқол доданд.

Дуздидани тифл дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст.

Моҳи марти имсол Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як занро бо гуноҳи одамрабоӣ ба бештар аз нӯҳуним сол зиндон маҳкум кард, ки аз роҳи фиреб фарзанди думоҳаи зани дигарро дуздидааст.