Тоҷикистон ба Афғонистон 1000 тонна орд фиристодааст

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон барои кумак ба аҳолии муҳтоҷи Афғонистон 1000 тонна орд фиристодааст.

Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 29-уми сентябр хабар дод, ки ин ёрии башардӯстона аст ва ба зиёда аз 120 ҳазор нафар дар гӯшаҳои Афғонистон расонда шуд.

Пештар раҳбари идораи ёриҳои башардӯстонаи Созмони Милал ҳушдор дода буд, ки 6 миллион кас дар Афғонистон ба хатари қаҳтӣ рӯбарӯ буда, беш аз нисфи аҳолии 39-миллионнафарии ин кишвар ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Гуруҳи тундрави Толибон моҳи августи соли 2021, баъди берун рафтани нерӯҳои Эътилофи байнулмилалии зери раҳбарии Амрико ва вожгун шудани ҳукумати пешини ин кишвар, ба қудрат баргашт.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳукумати Толибонро, ки дар Афғонистон ҳуқуқи занонро поймол ва озодии баёнро маҳдуд кард, эътироф накардаанд.

Тоҷикистон тарафдори ташкили ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар он кишвар аст, вале Толибон борҳо хостаанд, Душанбе ба умури онҳо дахолат накунад.