Пас аз эълони сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия, садҳо ҳазор нафар ин кишварро тарк карданд. Бештари онҳо ба Осиёи Марказӣ паноҳ оварданд, ки бо Русия низоми раводид (виза) надоранд.
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар як ҳафта 98 ҳазор шаҳрванди Русия ба ин кишвар омадаанд. Аксари онҳо мегӯянд, ба хотири ҷалб нашудан ба артиш ва худдорӣ аз ширкат дар ҷанги Украина гурехтанд.
Бо онки рӯзҳои охир теъдоди зиёди шаҳрвандони Русия дар гӯшаҳои Тоҷикистон дида мешаванд, Вазорати корҳои дохилӣ намегӯяд, ки пас аз оғози "мобилизатсия" чӣ қадар аз шаҳрвандони Русия ба кишвар омаданд.
Дар шуъбаҳои сабтиноми хориҷиён дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон теъдоди зиёди шаҳрвандони Русия ба мушоҳида мерасанд. Дар меҳмонхонаҳо мегӯянд, барои рӯзҳои наздик тақрибан ҷой нест.
Як шаҳрванди Русия рӯзи 28-уми сентябр дар Душанбе гуфт, "бе мушкил омадам. Дар ҳавопаймои мо зиёда аз 20 шаҳрванди Русия буд. Билетро ба 40 ҳазор рубл гирифтам. Фикр мекунам, аҳолии инҷо хеле меҳрубон, ҳалим, хушмуомила ҳастанд. Комилан самимиянд."
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гаштугузори русҳо дар шаҳри Душанбе ғайримуқаррарӣ ба назар намерасад. Сокинон ҳам ба онҳо таваҷҷуҳи хос надоранд, вале дар суҳбатҳо бар инанд, ки бояд ба шаҳрвандони фирории Русия “эҳтиром гузошт ва дар ҳолатҳои зарурӣ мадад кард”.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ чунин даъватҳо зиёданд. Чанд корбар соҳибони хонаҳоро дар Душанбеву Хуҷанд накӯҳиш кардаанд, ки бо истифода аз фурсат арзиши иҷораи манзилро якбора боло бурданд. Баъзе аз корбарон гуфтаанд, “талаботи бозор ҳамин аст” ва афзудаанд, “чаро касе дар фикри кумак ба шаҳрвандони дармондаи кишвар нест”.
Ҳушанг Боқиев, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, “дар ин лаҳзаҳои барои онҳо душвор некбин ва раҳмдил бошем ва кумак кунем. Ман ба ҳар шаҳрванди Русия, ки роҳгум задааст, роҳбаладӣ мекунам. Онҳо худро бояд танҳо ҳис накунанд. Мо ҳамингуна муносибати нек кунем, ки баъди бозгашт муносибати онҳо бо муҳоҷирон тағйир ёбад.”
Дар ин миён онҳое низ кам нестанд, ки аз ҷабри баъзе аз шаҳрвандони Русия ба муҳоҷирони тоҷик дар бештар аз ду даҳаи охир ёд овардаанд. Вале Абулхайр Ғафуриён, сокини Душанбе, мегӯяд, “таҳаммулпазирӣ бояд риоя шавад. Мо ҳамчун мизбон бе ягон монеа муносибати хуб кунем.”
Рӯзи 21-уми сентябри имсол раиси ҷумҳури Русия қонунро дар бораи басеҷи нерӯҳои эҳтиётӣ ба сафи артиш имзо кард. Тибқи ин қонун, шахсони то 45-сола барои хидмати низомӣ даъват карда мешаванд, вале ҳазорон нафар ба кишварҳои ҳамсоя ва Осиёи Марказӣ фирор карданд.
Ҳамзамон, тайи рӯзҳои гузашта эътирозҳо ба сарбозгирӣ барои басеҷи бахше аз нерӯҳои эҳтиётии артиши Русия дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар идома доштааст ва беш аз ду ҳазор нафар дар 35 шаҳри Русия бинобар мухолифат бо ин фармон боздошт шудаанд.