Дар эътирозҳои Эрон 60 кас кушта шудааст

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон.

Эътирозҳо дар шаҳру вилоятҳои Эрон, ки 16-уми сентябр, баъди марги Маҳсо Аминии 22-сола шуруъ шуда буданд, ҳанӯз ҳам идома доранд.

Бино ба хабари расонаҳо, 27 сентябр миёни кормандони пулис ва тазоҳургарон задухӯрд сурат гирифтааст. Дар натиҷа бештари эътирозгарон дастгир шудаанд.

Хабаргузории "Форс" иттилоъ додааст, ки аз 16 сентябр то ба ҳол дар натиҷаи задухӯрдҳо дасти кам 60 кас ҷон бохтааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ба далели қатъи интернет наметавонад аз ҷараёни эътирозҳо видео нашр кунанд.

Созмони ҳуқуқи башари Эрон гуфт, дар ҷараёни эътирозҳо дасти кам 76 нафар кушта ва 1200 кас боздошт шудааст. Хабаргузории "Тасним" навиштааст, ки дар миёни эътирозгарони боздоштшуда Фоиза Ҳошимӣ, духтари Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон низ ҳаст.

Маҳсо Аминии 22-сола рӯзи 12-уми сентябри имсол ба иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоби комил аз тарафи пулиси “гашти иршод”-и Эрон дастгир шуд. Аминиро баъди се рӯз дар ҳолати кома ё беҳушӣ ба шифохона бурданд ва ӯ дар онҷо даргузашт. Маргаш боиси тазоҳуроти густурда дар саросари Эрон шуд.