Сокинони шаҳри Бодканди Қирғизистон рӯзи 28-уми сентябр гирди ҳам омада, шарҳи тасмимҳоро дар масъалаи марз бо Тоҷикистон хостанд. Ба навиштаи расонаҳо, дар гирдиҳамоӣ ҳудуди 100 кас иштирок кард.
Як рӯз пеш сокинон дар назди бинои ҳукумати вилояти Бодканд ҷамъ шуда, ҳамчунин талаби шарҳи тасмимҳои ахирро дар робита ба масъалаи марз карданд.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 25-уми сентябр хабар дод, барои пешгирӣ аз низоъҳои оянда тасмим гирифтаанд, посгоҳҳои марзиеро бардоранд, ки "пайваста боиси сар задани низоъҳо мешаванд".
Ба ин тартиб, дидбонгоҳҳои "Тамдиқ", "Булак-Бошӣ", "Катта-Туз" ва "Дача" аз ҷониби Қирғизистон ва "Бедак", "Кех", "Қарочиқум" ва "Шаршара" аз ҷониби Тоҷикистон бардошта мешаванд.
Вакилони порлумони Қирғизистон талаб доранд, ки барои омӯзиши санадҳои имзокардаи Тошиев бо ҳамтои тоҷикистониаш кумисюни махсус таъсис шавад. Султонбой Айжигитов, вакили порлумони Қирғизистон гуфт, созишномаҳои ахир иҷборан имзо шудаанд ва бояд бекор карда шаванд.
Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.
Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.
Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд.