Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Амрико ҳангоми мулоқот дар шаҳри Вашингтон муноқишаи маргборро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ кардаанд. Қабл аз мулоқот, Энтони Блинкен дар ҳузури хабарнигорон гуфт, аз қатъи низоъ ва созиши оташбас миёни ду тараф хушнуд аст. Ӯ афзуд: "Ман аз он хушҳолам, ки дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон оташбас барқарор шуд. Ин дилгармкунанда аст ва умедворам, идома меёбад."
Мулоқот бо ду ҷониб
Мулоқоти Энтони Блинкен ва Сироҷиддини Муҳриддин рӯзи 27-уми сентябр сурат гирифт ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ду тараф аз ҷумла "ҳолати кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд". Вазъе, ки ба гуфтаи мақомоти ду тараф нисбатан ором аст, вале ҳассос мемонад.
Дар ҷараёни муноқишаи 14-17-уми сентябри имсол беш аз 100 нафар аз ҳарду тараф кушта шуданд. Радиои Озодӣ феҳрасти камаш 75 ғайринизомӣ ва низомиро таҳия кард, ки дар натиҷаи даргириҳову ҳамлаҳо кушта шудаанд, ҳарчанд, Сироҷиддини Муҳриддин аз минбари Созмони Милал танҳо аз марги 40 ғайринизомӣ ва захмӣ шудани 200 нафар хабар дод.
Дар Қирғизистон, ба гуфтаи мақомот, 62 нафар ва аксаран нерӯҳои амниятӣ кушта шуда, тақрибан 200 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Панҷ рӯз пештар аз мулоқот бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 22-юми сентябр бо Жеенбек Қулибоев, ҳамтои қирғизи худ дар шаҳри Ню-Йорк гуфтугӯ доштааст.
Бино ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, “ӯ нигаронии амиқи худ аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳор дошта, ба зарурати ноил шудан ба сулҳу субот аз роҳҳои дипломатӣ таъкид кардааст.”
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқиша аз минбари Созмони Милал ҳамдигарро ба таҷовузи низомӣ ба қаламрави якдигар муттаҳам карданд.
Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд. Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилоятҳои Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.
Амрико аз боздошти хабарнигорон гуфт, Тоҷикистон нагуфт
Сироҷиддини Муҳриддин барои ширкат дар ҷаласаи Маҷмааи Умумии Созмони Милал ва ҳам ҳузур дар нишасти С5+1 ва ё нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико ба Ню-Йорку Вашингтон сафар кардааст.
Энтони Блинкен, пеш аз мулоқот бо Сироҷиддини Муҳриддин гуфт, ки онҳо дар нишасти мазкур дар бораи пешрафти иқтисодӣ дар минтақа ва ҳам эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла “муносибат бо журналистон” гуфтугӯ кардаанд. Дар Тоҷикистон айни замон чандин хабарнигору блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хушом Ғулом дар боздошт ҳастанд.
Ҳукумати Амрико ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз чунин бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон бо хабарнигорон изҳори нигаронӣ карда, хостааст, бигузорад, то онҳо кори худро бидуни тарсу ҳарос анҷом бидиҳанд.
Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон доир ба ин масъала чизе гуфта нашудааст ва фақат дар он омадааст, ки ду тараф ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодиву башарӣ ва авзоъ дар Афғонистону мубориза бо терроризмро баррасӣ кардаанд.