Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, ба Вазорати дифои кишвараш дастур додааст, "шаҳрвандонеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи бардоштани дидбонгоҳҳо ва гуё додани замин хабари нодуруст паҳн мекунанд, ба сафи нерӯҳои захиравӣ ҷалб кунанд". Дар ин бора Эрбол Султонбоев, сухангӯи президенти Қирғизистон, рӯзи 26-уми сентябр хабар дод.
Ба гуфтаи Султонбоев, дастур шудааст, ки "ба дасти онҳо силоҳ дода, то анҷоми муайянсозиву аломатгузории марз ба адои хидмати ҳарбӣ фиристанд".
"Агар мо ҳатто як метр заминро дода бошем, бигзор аз ҳамон ҷо инро исбот кунанд. Бигзор касоне, ки иттилои нодуруст паҳн мекунанд, шахсан аз ҳаводис огоҳ шаванд. Ду ҷониб дидбонгоҳҳоеро бардоштанд, ки дар наздикии ҳам ҷойгир буданд. Онҷо ба далелҳои ночиз доим тирпарронӣ рух медод, ки баъзан боиси низои бузург мешуд,” -- гуфтааст Ҷабборов.
Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бо ҷониби Қирғизистон санади "қатъи муноқишаи марзиро" имзо карданд, вале тафсилоташро ошкор накарданд. Вохӯрии ҷонибҳо рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи "Қизилбел" баргузор шуд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ду тараф ҳашт посгоҳро “мебардоранд”.
Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.