Равшанбек Собиров, мансабдори тоҷиктабор дар Қирғизистон, аз мақомаш барканор шуд

Равшанбек Собиров

Равшанбек Собиров, мансабдори тоҷиктабор дар ҳукумати Қирғизистон, аз мақомаш барканор шудааст.

Сомонаи президенти Қирғизистон рӯзи 26-уми сентябр хабар дод, ки Собиров “бо хоҳиши худ” аз мақоми мудири Оҷонси миллии сармоягузорӣ рафт.

Эълони рафтани ӯ пас аз муноқиша дар сарҳад бо Тоҷикистон ва хабарҳо дар мавриди фишор ба тоҷикон дар Қирғизистон нашр шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта аз азияту озори тоҷикон дар Қирғизистон хабар дода буд. Мақомоти Қирғизистон инро рад карда, баръакс, аз фишор ба қирғизҳо дар Тоҷикистон мегӯянд.

Равшанбек Собиров 52-сола аст ва дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уш ба дунё омадааст. Аз моҳи августи соли 2008 раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба уҳда дорад.

Ӯ дар соли 2011 нахустин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон буд, вале дар соли 2013 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сохаткорӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.