Беш аз 80 ҳазор сокини вилояти Бодканди Қирғизистон, ки дар пайи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон ба ҷои амн кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои худ бармегарданд.
Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, дар умум 136 ҳазору 770 сокини Бодканд ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудааст.
Манбаъ афзуд, ки то имрӯз 1 ҳазору 435 тонна кумаки башардӯстона ба сокинони ин вилоят фиристода шудааст.
Дар натиҷаи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон 613 хонаи шаҳрвандони Қирғизистон осеб дидааст. Мақомоти қирғиз ваъда додаанд, ки ин хонаҳоро дар давоми 2-3 моҳ барқарор мекунанд.
Мақомоти Қирғизистон қаблан хабар дода буданд, ки 16 сентябр дар пайи тирпарронии навбатӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ҳудуди 140 ҳазор сокини вилояти Бодкандро ба ҷои амн кӯчониданд.