Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон беш аз 40 сокини одӣ кушта ва 200 ғайринизомии дигар захмӣ шудаанд.
Омори талафоти ғайринизомиён ва аввалин омори захмиёнро Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 24-уми сентябр дар Маҷмааи Умумии Созмони Милал эълон кард ва онро натиҷаи “таҷовузи низомии Қирғизистон” ба қаламрави Тоҷикистон номид.
Чаҳор рӯз пеш Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон, аз ҳамин минбари Созмони Милал баръакс Тоҷикистонро ба ҳамла ва таҷовуз ба қаламрави кишвараш муттаҳам кард.
Сироҷиддин Муҳриддин доир ба талафот дар байни низомиён чизе нагуфт, вале Радиои Озодӣ то кунун ному насаби бештар аз 45 сарбозу афсарро ҷамъ овардааст, ки дар ин низоъ кушта шудаанд. Мақомоти расмии Қирғизистон рӯзи 24-уми сентябр гуфтанд, аз он тараф 62 нафар ҳалок ва 198 нафар захмӣ шудаанд.
"Таҷовуз". Даъвои зидди даъво
Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябр сар зад ва 17-уми сентябр ба поён расид, ҳарчанд вазъ дар марз ҳамчунон ҳассос мондааст. Сироҷиддин Муҳриддин гуфт: “Фоҷиа дар марз тасодуфӣ набуд. Ҳамсояи мо аз тирамоҳи соли гузашта ба таҷовуз омодагӣ мегирифтанд ва сохтани зербунёдҳои низомӣ дар наздикии марзи мо баёнгари ҳамин гуфта аст.”
Ӯ ба минбари Маҷмааи Умумии Созмони Милал кашидани масъалаи марзро аз тарафи раиси ҷумҳури Қирғизистон “беасос ва мояи таассуф” хонд. Ӯ афзуд, раҳбарияти Қирғизистон хостааст, аз ин минбар кишвари худро як навъ ҷабрдида намоиш диҳад, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, далелҳо чизи дигареро нишон медиҳанд.
“Раҳбарияти кишвари ҳамсоя дар суханронии худ аз ҳалокати шаҳрвандони кишвар ва хисороти молӣ гуфт ва тасаввуроти дурӯғе офарид, ки гуё фоҷиа дар марз фақат ба онҳо асар кардааст. Дар натиҷаи таҷовузи низомии Қирғизистон бештар аз 40 ғайринизомӣ кушта ва тақрибан 200 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар байни онҳо занони ҳомила, кӯдакон, пиронсолон, табибон ва мусулмонони обиде буданд, ки дар маросими ҷаноза дар масҷид ҳузур доштанд. Ба ғайр аз иншооти марзӣ, мактабҳо, шифохонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, хонаҳои истиқоматӣ, зербунёдҳову роҳҳо вайрон шуданд. Пас, таҷовузгар кист?” – суол гузошт ӯ.
Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи низоъ танҳо дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 300 оила зарар дидаанд ва аз ҷумла аз хонаҳояшон маҳрум шудаанд.
Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, дар натиҷаи муноқиша дар марз, дар вилояти Бодканд, ки ҳаммарз бо вилояти Суғд аст, 321 хона, ҳафт мактабу панҷ кӯдакистон ва дигар иншооти мулкӣ осеб дидаанд.
Нерӯҳоро берун бурдаанд ё нигоҳ доштаанд?
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханронияш ҳукумати Қирғизистонро ба ваъдахилофӣ ва риоят накардани созиш барои роҳ надодан ба такрори муноқиша муттаҳам кард. Вай гуфт: “Боиси таассуф аст, ки Қирғизистон аз созишҳои бадастомада дур меравад ва бо вонамуд кардани берун бурдани нерӯҳо ва техникаи вазнини низомӣ аз назди марз, онҳоро дар маҳаллаҳои аҳолнишин пинҳон мекунад.”
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон чанде пеш чунин баёнияи Тоҷикистонро “беасос” номида гуфт, ки чунин баёнияҳо мисли “рехтани равған ба оташи муноқиша аст.” Ба қавли Бишкек, Тоҷикистон созишҳоро риоят намекунад ва аслиҳаи вазнинро дар маҳаллаҳои Ворух, Сурх ва Лаккон ҷойгир кардааст. Иддаое, ки тасдиқаш аз манобеи дигар мушкил аст.
Чаро баҳси марзӣ тӯл кашид?
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ ба таърихи музокироти марзӣ ба Тоҷикистону Қирғизистон пардохт ва гуфт, ки тағйироти пайдарҳами ҳукумат дар ҳамсоякишвар нагузоштааст, ду тараф масоили марзиро ҳал кунанд.
Ӯ афзуд: “Дар 20 соли музокирот мо даҳҳо ёддошт имзо кардем, вале бо тағйири нерӯҳои сиёсӣ дар ҳукумат ин санадҳо бознигарӣ мешаванд ва ҳамонҳое иҷро мешаванд, ки ба нафъи тарафи дигар аст. То имрӯз ҳарду тараф 602.5 километр марзро мувофиқаву тарҳрезӣ кардаанд, ки 61 дар сади тамоми сарҳадро ташкил медиҳад.”
Ба қавли дипломати баландпояи Тоҷикистон, ҳукумати кишвар “борҳо ба ҳамсоя пешниҳод кардааст, ки санадҳои натиҷаи корҳои зиёди солҳои гузашта дар бораи қисматҳои алоҳидаи марзро имзо кунад” , вале онҳо “қотеона рад” кардаанд. Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, зимни суханронӣ дар СММ гуфт, ки моҳи июни соли гузашта “барои ёфтани ҳалли мусбати масоили марзӣ ба Душанбе рафт, аммо мулоқот натиҷае надод.”
Иддаои нав: “ғасби замин”
Вазири тоҷик дар Созмони Милал ҳамчунин Қирғизистонро ба ғасби хоки Тоҷикистон муттаҳам кард. Ба қавли ӯ, кишвари ҳамсоя ҳанӯз аз замони Шӯравӣ ва аз соли “1950 то кунун 2110 километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистонро ғасб кардааст.” Иттилои тозае, ки вокуниши Қирғизистон ҳанӯз ба он маълум нест.
Дипломати тоҷик ҳамзамон гуфт, Тоҷикистон ҷанги харобиовари шаҳрвандиро паси сар кардаасту оқибатҳои ҷангро медонад ва тарафдори ҳалли мусолиматомези баҳси марз аст. Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ҳам гуфта буд, Бишкек омода аст, музокиротро “бар пояи меъёрҳои байнулмилалӣ ва роҳҳои мутамаддини ҳуқуқӣ” идома бидиҳад, вале бо миёнравии Созмони Милал ва ниҳодҳои дигари ҷаҳонӣ.
Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.
Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.
Моҳи апрели соли гузашта дар натиҷаи низоъ, ки ба он марзбонон низ ҳамроҳ шуданд, аз ҳарду тараф бештар аз 50 нафар кушта ва на камтар аз 200 тани дигар захмӣ шуданд.