Дар муқобили мавҷи эътирозҳои мардумие, ки баъди даргузашти хушунатбори духтари 22-солаи эроние дар полис барои гӯё ҳиҷоби нодуруст буруз кард, ҳукумат раҳпаймоиҳои тарафдорони низомро дар шаҳру манотиқи Эрон ташкил кард. Хабаргузории давлатии ИРНА гуфт, ки мардуми рӯзи 23-юми сентябр ба хиёбонҳо баромада зидди “таҳқири Қуръон, оташ задани масҷидҳо ва ҳам вайрон кардани қоидаи пӯшидани либоси исломӣ” шиор мезананд.
Ин нафарон эътирозгарони зиддидавлатиро чун “сарбозони Исроил” маҳкум карданд. Онҳо инчунин шиорҳои “марг ба Амрико” ва “марг ба Исроил”-ро ба забон меоварданд, ки як одати маъмулии рӯҳониён дар таҷаммӯъҳои давлатии Эрон мебошад. Қаблан мақомот дар Эрон таҳдид карданд, ки ба “душманон” муқовимат мекунанд. Ин ишора ба садҳо ҳазор эътирозгарони марги пурхушунати Маҳсо Аминӣ дар ҳодисаҳои 16-уми сентябр аст, ки баъди боздошт шуданаш аз ҷониби полиси ахлоқ бо иттиҳоми “ҳиҷоби нодуруст” бо захмҳои шадиде дар бемористон ҷон дод.
Полис иддао кардааст, ки ӯ аз сактаи қалбӣ даргузашт, вале фаъолон полисро дар шиканҷаи ин духтар айбдор мекунанд, ки боиси марги ӯ шудааст. Эътирозҳо аз зодгоҳи Маҳсо Аминӣ дар вилояти Курдистон шурӯъ шуда ба дигар қисматҳои Эрон доман паҳн кард ва ба Теҳрон ҳам расид.
Марги Аминӣ боиси баландтар садо додани даъватҳо ба бекор кардани қоидаи ҳиҷобпӯшии занҳо ва ҳам манъи кори полиси ахлоқ шуд. Дар видеоҳое, ки сокинони Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, саҳнаҳои эътирози занону духтарон аз роҳи оташ задани ҳиҷобҳояшон нашр мешавад. Бархе эътирозгарон ба хатми режими исломӣ дар Эрон даъват мекунанд.