Сокинони Хистеварз ваҳшати рӯзи муноқишаро тасвир карданд. ВИДЕО

Хистеварз

Сокинони ҷамоати Хистеварз (Қистакӯз)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, дар муноқишаи як ҳафта пеш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дастикам 3 нафарро аз даст доданд. Яке аз онҳо ҳаштсола аст. Тақрибан 20 кас захмӣ шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо дар бораи 41 кушта дар кишвар гузориш дода, ному насаб ва минтақаи онҳоро нагуфтанд. Шумораи захмиён маълум нест. Радиои Озодӣ то кунун номи беш аз шаст қурбонии даргириро гирд овард. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 59 кушта ва тақрибан 200 захмӣ гузориш дод.

"Дар бемористон ҷон дод"

Модари Бишарифа як ҳафта боз мегиряд. Духтари ҳаштсолааш субҳи 16-уми сентябр дар рӯйи ҳавлӣ дар Хистеварз “аз зарбаи снаряд” ҷароҳати вазнин бардошта, баъди чанд соат дар бемористон даргузашт.

“Ҳангоми гурехтан пораҳои гулӯла ба тахтапушташ задааст. Давида ба назди модараш рафт, ки шикамам дард мекунад. Куртаашро бардорем, рӯдааш баромада истодааст. Ба духтур бурдем, дар ними ҷарроҳӣ ҷонаш баромад,” – нақл кард бобояш Неъматҷон Бобоев.

Бишарифа

Модараш Мухбира Бобоева аз гарданаш захми сабук бардошта, арӯси хонавода Дилноза Дадобоева бо ҷароҳати вазнин дар шифохона хобидааст.

Бишарифа дар синфи дувуми мактаби рақами 5-и ҷамоати Хистеварз мехонд. Омӯзгоронаш мегӯянд, “дониши хубу ахлоқи намунавӣ дошт”.

“Фантазияи бисёр бой дошт. Кӯза ва гули сунъиеро, ки дар назди расмаш гузоштем, 3-4 рӯз пеш аз ҳодиса сохта буд. Онро ба муаллима ҳадя дод, то синф зебо бошад. Ҳоло гулҳои табиӣ зиёданд, вале мо хостем, офаридаҳои дастонашро дар инҷо гузорем. Барои мо талафоти бисёр гарон аст,” – гуфт Нигина Ҷӯраева, мудири мактаби рақами 5-и Хистеварз.

"Таркиш шуд, ба хабаргирии хоҳараш рафт, вале..."

Мубина Раҳимоваи 17-сола, хонандаи мактаби рақами 5-и Хистеварз, низ бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон аст. Бародари ӯ Ҷаъфар Раҳимови 22-сола, модараш Гулчеҳра Раҳимова ва бибияш Файзинисо Раҳимоваи 78-сола бо захмҳои шадид дар бемористон хобидаанд, вале холааш Савринисо Ҳоҷибоеваи 60-сола ҷон ба саломат набурд.

Наздиконаш гуфтанд, он рӯз ба ҳавлияшон як снаряд афтод. “Вақте дар кӯчаи ҳамсоя таркиш шуд, ҳамсарам ба хабаргирии хоҳараш шитофт. Снаряд дар паҳлӯи сутун кафидааст. Пораҳои он аз гарданаш зада, аз сараш баромадааст. Ба фикрам, ҷобаҷо ҷон додааст,” – гуфт Абдуҳаким Ҳоҷибоев, шавҳари Савринисо Ҳоҷибоева.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ёде аз Бишарифаи ғӯрамарг, ки дар муноқишаи марзӣ кушта шуд

Ба нақли сокинон, хумпораву снарядҳо асосан ба маркази ҷамоати Хистеварз ва дар дурии то 5 километр аз сарҳад афтодааст. Бошандагони минтақа мегӯянд, низомиёни Қирғизистон эҳтимол мактаби рақами 40-и ҷамоатро нишон гирифтаанд ва як снаряд дар наздикии он таркидааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора нерӯҳои Қирғизистонро ба ҳамла ба иншооти ғайринизомӣ, аз ҷумла мактабу масҷид ва хонаҳои мардум бо чархболи низомиву ҳавопаймои бесарнишин муттаҳам карданд. Бишкек ҳам чанд дафъа гуфт, нерӯҳои Тоҷикистон аз силоҳҳои вазнин кор гирифтанд ва рӯзи 19-уми сентябр эълон кард, ки дар Бодканд 9 мактабу 3 боғчаи кӯдакон осеб дидааст.

"38225 касро ба ҷойи бехавф бурдем"

Матлуба Ҷӯраева, раиси ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, “панҷ маҳаллаи наздисарҳадӣ дорем. Бо супориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аввал кӯдакону занон ва калонсолонро ба ҷойи бехавф кӯчонидем. Вақте муноқиша давом кард, боқимондаи аҳолӣ, дар умум 38 ҳазору 225 нафарро аз ҷамоат ба ҷойҳои бехавф бурдем”.

Рӯзи 16-уми сентябр дар аксар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Сокинони Хистеварз мегӯянд, дар гузашта маҳаллаҳои дохили ҷамоат осеб намедиданд. Даргирии охир онҳоро ваҳшатзада кардааст.

Абдуҳаким Ҳоҷибоев, сокини Хистеварз, гуфт, “мо ҳамсояи дар ба дар ҳастем, муносибати хуб доштем. Онҳо ба бозори “Панҷшанбе” ва Хистеварз меомаданд. Мо пештар ба деҳаи 60-солагии онҳо мерафтем. Қирғиз ҳам ҳар хел мешавад. Хости мо ҳамин аст, ки дигар ҷанг нашавад. Бигзор набераҳо осоишта зиндагӣ кунанд.”

Дар пайи муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро ба тарҳрезӣ ва омодагӣ ба ин даргирӣ гунаҳкор мекунанд. Ҳарду тараф мегӯянд, барои исботи инки ҳамларо ҷониби дигар оғоз кардааст, факту далел доранд. Мақомоти ҳарду кишвар якдигарро ба “таҷовузкорӣ” айбдор мекунанд.
Сабаби ҷанг садҳо километр марзи аломатгузориношудаи ду кишвар ва ҷанҷолу даъвои сокинон барои замину обу чарогоҳ аст. Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд ва бо гузашти бештар аз 30 сол аз истиқлоли хеш натавонистаанд, онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.