Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 21-уми сентябр аз басичсозии нисбии низомӣ дар кишвараш хабар дод. Баъд аз ин хабар дар фосилаи кӯтоҳе билети парвози ҳавопаймо аз Маскав ба кишварҳое фурӯхта шуданд, ки шаҳрвандони Русия метавонанд, бидуни виза сафар кунанд.
"Давоми чанд соати баъди эълони басиҷсозӣ билетҳои парвози мустақим аз Маскав ба Истанбул ва Ереван барои 21-уми сентябр комилан фурӯхта шуданд," -- хабар медиҳад нашрияи "Верстка".
Дар сомонаи "Аэрофлот" барои 21-уми сентябр ҳеч билете намонда буд. Парвози ҳавопаймоҳо барои 22-юми сентябр аз Маскав то Минск қариб 700 доллар - 10 баробар гаронтар аз рӯзҳои пешин - арзиш доранд. Аммо ҳамин билетҳо ҳам бо суръат фурӯхта мешаванд. Ин дар ҳолест, ки миёни Маскав ва Минск дар рӯз 6 парвоз аст.
Барои 22-юми сентябр ҳамчунин дар самти парвози Маскав ба Ереван, Истанбул, Алмаато ва Тбилиси (Тифлис)-у дигар шаҳрҳои Гурҷистон тақрибан билет намондааст. Дар ин самтҳо танҳо барои ибтидои моҳи октябр билет пешниҳод мешавад.
Қонун "дар бораи басичсозӣ" шаҳрвандони Русияро аз сафарҳои хориҷӣ манъ намекунад, аммо вакилони порлумон ё Думаи давлатии Русия гуфтанд, шаҳрвандоне, ки эҳтимол ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд, "беҳтар аст, ба хориҷ нараванд".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Артиш"-и муҳоҷирону миёнсолони Русия дар ҷанги зидди Украина. Қарори Путин баёнгари чист? ВИДЕО