Қирғизистон тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистонро рад кард

Иттилоъ дар бораи тир кушодан сӯи мошини шаҳрвандони Қирғизистон дар деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлак ва оташкушоӣ сӯи деҳаи Достуки ноҳияи Лайлак воқеият надорад. Дар ин бора дар Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар доданд.

"Хадамоти марзбонӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҷомеаро бо иттилои носанҷида ва овозаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ нигарон накунанд ва маълумотро аз мақомоти масъул бигиранд", - омадаст дар хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

14-17-уми сентябр тақрибан дар тамоми марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии низомӣ ба вуқуъ пайваст. Ҷонибҳои даргир аз оғози низоъ ҳамдигарро масъули асосии он донистанд ва дар мавриди таҷовуз ва ҳуҷум ба қаламрави худ шикоятҳои монанд карданд. Ҳар ду тараф иқдоми худро ҳимоят аз ҳокимият ва тамомияти арзӣ медонанд.

Бо вуҷуди тавофуқномаҳое, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзии тунд дар сатҳи ниҳодҳои умури хориҷии ду кишвар давом дорад.