Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ҷиззахи Узбекистон зидди афроде, ки як ҷавони гумонбар ба "ҳамҷинсгарои"-ро худсарона муҷозот кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба иттилои Раёсати пулиси Ҷиззах, зидди ин афрод бо банди "авбошӣ" парванда боз ва тафтишот оғоз шудааст.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки нишон медиҳад, чандин нафар як ҷавони гумонбар ба “ҳамҷинсгарои”-ро бозпурсӣ ва латтукӯб мекунанд. Онҳо ҳамчунин таҳдид мекунанд, ки ҷавонро кушта, дар саҳро дафн хоҳанд кард.
Бино ба иттилои Телеграм-канали "Бор Гап", ҳодиса дар маҳаллаи "Қулама"-и Ҷиззах рух додааст.