Бонки Қазоқистон қабули кортҳои низоми русии "Мир"-ро қатъ кард

Бонки "Halyk"-и Қазоқистон қабули кортҳои низоми пардохтии русии "Мир"-ро қатъ кардааст. Дар ин бора "Kursiv.Media" хабар дод. Ба иттилои бонк, муштариён дар ҳоли ҳозир наметавонанд, аз кортҳои "Мир" маблағ бигиранд.

Қаблан хабар дода шуд, ки чандин бонки туркӣ, аз ҷумла бузургтарин бонки хусусии Туркия - "Iş Bankası" ҳамкориро бо низоми пардохтии русии "Мир" қатъ кардааст. Илова ба ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое паҳн шуд, ки гӯиё дар як қатор меҳмонхонаҳои Туркия кортҳои бонкҳои русиро қабул намекунанд..

Бино ба хабари расонаҳо, интизор меравад, бонкҳои туркии "Vakıfbank", "Ziraat Bank" ва "Halkbank" ҳам аз қабули кортҳои русӣ худдорӣ кунанд.