Мурофиаи додгоҳии рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 21-уми сентябр дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе шуруъ шуд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва ба толор танҳо ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатиро роҳ додаанду бас.
Масъули баррасии парванда додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, Беҳрӯз Шафо, аст.
Ғурбатӣ ба "таҳқири намояндаи ҳокимият", "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" ва "иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ" гумонбар аст.
Ду иттиҳоми аввал ҷарима, вале иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ аз панҷ то ҳашт сол зиндонро дар назар дорад.
Манобеи боварбахш мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон боздошти ӯро беасос номида, озодияшро хостаанд.