Президенти Русия Владимир Путин 21 сентябр эълом кард, ки дар кишвараш қисман сафарбаркунӣ ба артиш оғоз хоҳад шуд.
"Барои ҳифзи ватан ва якпорчагии худ зарур мешуморам, ки аз сафарбаркунии қисман дастгирӣ кунем", - изҳор дошт Владимир Путин.
Бар асоси фармони Путин, дар навбати аввал онҳое даъват хоҳанд шуд, ки дар артиши Русия хизмат карда, дар ҳайати захиравӣ ҳастанд. Онҳо пеш аз фиристода шудан дубора омӯзиш дода мешаванд.
Маъракаи сафарбаркунӣ аз 21 сентябр оғоз мешавад.
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, дар доираи иҷрои фармони қисман сафарбаркунӣ, ки Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе имзо кард, 300 ҳазор нафар ба артиши он кишвар ҷалб хоҳанд шуд.
Шойгу дар чанд моҳи ахир бори нахуст омори расмии талафоти артиши Русия дар ҷанг бо Украинаро ошкор кард. Ба гуфтаи ӯ, аз охирҳои моҳи феврал то ба ҳол дар задухӯрдҳои Украина 5 ҳазору 937 нафар низомии Русия кушта шудааст.