"Ҳукумати Маскав дар фурсатҳои наздик дар назди маркази муҳоҷирати "Сахарово" сохтореро барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба артиши Русия таъсис медиҳад," -- гуфт шаҳрдори Маскав Сергей Собянин.
Ба иттилои ӯ, дар робита ба қонун дар бораи ба таври содда дарёфт кардани шаҳрвандии Русия, ки аз сӯи Думаи давлатии он кишвар чанде пеш қабул шуд, шаҳрвандони хориҷӣ бо бастани шартномаи яксолаи хидмати низомӣ дар сафи нерӯҳои Русия, "метавонанд, бидуни интизории дароз ва монеаҳои дигари бюрократӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кунанд".
Аз ҷониби худ ҳукумати Маскав дар назди маркази муҳоҷирати "Сахарово" сохтореро таъсис медиҳад, ки раванди бастани шартнома бо неруҳои мусаллаҳи Русияро барои шаҳрвандони хориҷӣ осон мегардонад.
"Хадамоти шаҳрӣ ҳамаи талошро мекунанд, ки бастани шартнома ба таври максималӣ барои шаҳрвандон мувофиқ бошад", - ваъда дод Собянин.
Пештар аз ин расонаҳо дар бораи ҷалби шаҳрвандони Узбекистону Қирғизистон ба ҷанги Русия зидди Украина хабар дода буданд. Рӯзноманигорон навиштанд, ки барои ҷанг дар Украина Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ то 240 ҳазор рубл моҳона пешниҳод мекунад.
Ба иттилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, дар Русия чаҳор миллион муҳоҷири меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ кор мекунанд: як миллион аз Тоҷикистон, як миллион аз Қирғизистон, наздики ду миллион аз Узбекистон ва 200 ҳазор аз Қазоқистон.
Агар то оғози ҳамлаи Русия ба Украина ҳазорон шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар орзуи шаҳрвандии Русия буданд, баъди 24 феврал ин ҳолат тағйир ёфт. Хатари бастани шартнома ва ирсол ба Украина муҳоҷирони меҳнатиро эҳтиёткор кардааст.