Мақомоти Тоҷикистон ба суханҳои Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, эътироз карданд. Имонқулов рӯзи 19-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ иддао кард, ки дар даргириҳои марзӣ "эҳтимол ифротгароён аз Тоҷикистон" иштирок доштанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр дар баёяние гуфт, "чунин изҳорот бар асоси сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ, инчунин, ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷомеаи ҳар ду кишвар нигаронида шудааст."
"Масъулияти оқибатҳои чунин изҳороти бардурӯғ … дар ин лаҳзаҳо метавонад, вазъиятро барои халқҳои мо душвор гардонад," -- омадааст дар баёния.
Дар айни замон вазорат изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Бағдод Амреевро маҳкум кардааст. Амреев рӯзи 16-уми сентябр дар изҳороте Тоҷикистонро ба ҳамла бо силоҳҳои вазнин ба аҳолии осоишта ва зербиноҳои ғайринизомӣ муттаҳам намуд.
Вазорат изҳороти Амреевро таассуфовар номида, гуфтааст, "ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ монеа ба вуҷуд меорад."
Рӯзҳои 14-17-уми сентябр, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, “дар тамоми хати марз” даргирӣ сурат гирифт. Ду тараф якдигарро ба шурӯи ҷанҷол ва таҷовузи мусаллаҳона гунаҳкор карданду дар нишастҳои алоҳида осори даргириро ба намояндагони созмону кишварҳои хориҷӣ дар Душанбеву Бишкек намоиш доданд.
Тоҷикистон аз 41 қурбонӣ ва Қирғизистон аз 59 кушта хабар дод. Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти расмӣ то ин дам номи 59 сарбозу мардуми кушташударо дар Тоҷикистон гирд овард.