Дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон дар Қирғизистон, як навраси 8-сола аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ кушта шудааст.
Идораи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 20-уми сентябр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки Бишарифа Воҳидова дар синфи дуюм мехонд.
Масъулони идораи маориф навиштаанд, ки "Бишарифа духтари фаъолу аълохони синф буд. Хаёлоти рангине дошт, ки абадан хомӯш шуд."
Мақомоти Қирғизистон ба ин хабар ҳанӯз вокуниш накардаанд. Вале Вазорати тандурустии он кишвар гуфта буд, ки дар муноқишаи рӯзи 16-уми сентябр як духтари 12-сола дар Бодканд низ кушта шудааст.
Бишарифа Воҳидова ягона наврас аз Тоҷикистон нест, ки дар муноқишаи ахири марзӣ қурбон шуданд. Асмоа Амриддинзодаи 6-сола ва Имрон Илҳомзодаи 5-сола, сокинони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ҳам рӯзи 16-уми сентябр дар ҷараёни муноқиша кушта шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон то ин дам марги 41 нафарро дар даргирии ахир тасдиқ карда гуфтанд, аксари онҳо ғайринизомиён ҳастанд. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти расмӣ, номи 59 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро рӯйхат кард. Ин феҳраст ғайрирасмӣ ва нопурра аст.
Ҷониби Қирғизистон то кунун кушта шудани 59 шаҳрванди худро дар муноқишаи ахир тасдиқ кардааст.