Нахустин қатораи санҷишии долони нақлиётии "Чин - Қирғизистон - Узбекистон - Афғонистон" тавассути масири "Кошғар - Ӯш - Андиҷон - Ғалаба - Хайратон" ба роҳ баромад.
Дар ин бора ширкати "Узбекистон темир йуллари" рӯзи 19 сентябр хабар дод.
Боре, ки ба қатора дар истгоҳи Ӯш бор карда шудааст, аз маводи ғизоӣ ва ашёи рӯзгор иборат буда, ба Узбекистон тааллуқ дорад. Онро қатораи Узбекистон то истгоҳи Мазори Шарифи Афғонистон интиқол медиҳад. Қатора бояд баъди ду ҳафта ба истгоҳи охирин расад.
Узбекистон барои интиқоли мол тавассути қаламрави худ 70 дарсад ва кишварҳои дигар 50-дарсадӣ тахфиф эълом кардаанд. Қарор аст, дар ин масир ба Афғонистон беш аз 4000 контейнер бор интиқол дода шавад.